"МС" футболбози собиқи худро ба даста меорад

"МС" футболбози собиқи худро  ба даста меорад

Нимҳимоятгари бразилии дастаи "Астон Вилла" – Дуглас Луис метавонад ба бошгоҳи "Манчестер Сити" баргардад.
Бино ба иттилои манбаъ, сармураббии "Ман Сити" – Хосеп Гвардиола аз бозии футболбози 22-сола таассурот гирифта, варианти бозгашти бразилиро ба “Иттиҳод” баррасӣ мекунад.
Луис аз соли 2017 то 2019 дар "Сити" бозӣ карда, сипас ба маблағи 15 миллион евро ба дастаи "Астон Вилла" гузашта, шартномааш то соли 2023 амал мекунад.
Дар мавсими ҷории Премйер-лига бразилӣ дар 15 бозӣ ширкат варзида, 1 партофти головар анҷом додааст.