Муҳаммад Камол аз “Куктош” ба “Барқчӣ” гузашт

Муҳаммад Камол аз “Куктош” ба “Барқчӣ” гузашт

Ниммуҳофизатгари 21 солаи ганагӣ Муҳаммад Камол аз тими "Куктош" –и ноҳияи Рӯдакӣ ба дастаи "Барқчӣ" гузашт ва дар идомаи мавсим шарафи тими шаҳри Ҳисор моро ҳимоя хоҳад кард. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Барқчӣ” хабар додааст.

Муҳаммад Камол аз соли 2023 дар ҳайати “Куктош” бозӣ мекунад. Ӯ аз тими “Мигҳти Ҷетс” –и Нигерия ба ҳайси агенти озод ба тими “Куктош” гузашта буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло пас аз нимаи аввали мавсим дар Лигаи Олӣ “Барқчӣ” ва “Куктош” 5 имтиёзӣ дар ҳисоб дошта, дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқот мебошанд. “Истиқлол” бо 33 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот аст. Равзанаи гузариш дар Чемпионати Тоҷикистон аз 1-уми июл боз шуда, то 28-уми июл идома мекунад.