Муҳаммад Наимов ба UFC роҳ ёфт
Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, ғолиби чандкаратаи Чемпионати Осиё, барандаи Ҷоми ҷаҳон, қаҳрамони мутлақи ИМА бо ташкилоти бонуфузи UFC шартнома ба имзо расонид.
Муҳаммад чаҳорумин размикори тоҷик аст, ки бо ташкилоти бонуфузи UFC қарордоди ҳамкори ба тасвиб мерасонад. Қаблан, Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабов ва Муин Ғафуров ба UFC роҳ ёфта буданд.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Наимов рақобати дебютиашро субҳи 4-уми июн муқобили Ҷейми Малларки (16-5) аз Австралия дар Лас-Вегас доир мекунад.