Муҳаммад Назриев бо 14 голи задааш, рекорди ҷаҳонӣ мегузорад

Футболбози тоҷик Муҳаммад Назриеви 16 сола дар бозии интихобии Ҷоми Осиё -2025 миёни наврасони то 17-сола муқобили тими Гуам 14 гол зад.
Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 33:0 анҷом ёфт. Ҳеҷ як бозигар дар таърих дар як бозии расмии тими миллӣ таҳти сарпарастии ФИФА ин қадар гол назадааст.
Дастоварди қаблӣ ба Арчи Томпсони австралиягӣ тааллуқ дошт. Соли 2001 Австралия дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2002 бар Самоаи Амрико бо ҳисоби 31:0 ғалаба кард. Томпсон онҷо 13 гол ба самар расонид.
Эрлинг Ҳоланд низ, дар ҳайати мунтахаби то 20 солаи Норвегия соли 2019 ба задани 9 гол ноил шуда буд.
Ҳоло ин нишондоди Муҳаммад рекорди ҷаҳонӣ аз рӯи шумораи голҳо дар бозии байни дастаҳои миллӣ таҳти сарпарастии ФИФА мебошад. Ҳанӯз ФИФА расман инро тасдиқ накардааст.