Муҳаммад Назриев нишонзани беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон-2025 гардид

Муҳаммад Назриев нишонзани беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон-2025 гардид

Ҳамлагари дастаи эҳтиётии “Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммад Назриев ва мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон нишонзани беҳтарини чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ гардид.

Назриев дар ин мавсим 30 гол зада, бо боварии том дар пойгаи нишонзанҳо ҷойи аввалро ишғол кард. Акмал Раҳимов, бозигари дастаи ҷавонони “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, бо 17 гол дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Ҳамдастаи ӯ, Амин Эргашев бо 16 гол дар Лигаи ҷавонони Тоҷикистон-2025 зинаи сеюмро моли худ кард.

Беҳрӯз Хуҷаев аз ҳайати “Вахш” ва Ҳусейнҷон Қурбонов аз ҳайати “Истиқлол” бо 13 голӣ панҷгонаи беҳтаринҳоро пур карданд.

Дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 59 имтиёз соли дуюм пайиҳам унвони қаҳрамониро зери роҳнамоии Рустам Қурбонов соҳиб шуд. КМВА бо 49 имтиёз медалҳои нуқра ва “Вахш” бо 43 имтиёз нишонҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олиро ба даст оварданд. “Равшан” бо 14 имтиёз дар зинаи охир мавқеъ гирифт.