Муҳаммад Салоҳ ба сафи тими туркии “Трабзонспор” пайваст
Ҳамлагари тими миллии Миср Муҳаммад Салоҳ бо бошгоҳи туркии “Трабзонспор” шартнома баст. Дар ин бора хадамоти матбуоти бошгоҳи туркӣ эълон кард.
Мӯҳлати шартнома мушаххас нашудааст. Бино ба гуфтаи рӯзноманигор Ягиз Сабунчиоғлу созишнома ба мӯҳлати ду мавсим баста шудааст. Салоҳ чун агенти озод ба сафи “Трабзонспор” пайваст.
Аз соли 2017 инҷониб ҳамлагари мисрӣ дар сафи тими англисии “Ливерпул” бозӣ кардааст. Дар 442 бозии ин даста Салоҳ муаллифи 257 гол ва 123 партофти голӣ гардида, ҳамчунин ду қаҳрамонии Англия, ғолиби Лигаи Чемпионҳо ва Ҷоми ҷаҳонии клубҳои ФИФА-ро гардидааст. Бозигари мисрӣ дар рӯйхати беҳтарин голзанҳои ҳама давру замон дар таърихи бошгоҳи “Ливерпул” пас аз Ян Раши уэлсӣ (339 гол) ва Роҷер Ханти англис (280) дар зинаи сеюм қарор дорад.
Мавсими гузашта “Трабзонспор” Ҷоми Туркияро ба даст овард. Бошгоҳ ҳамзамон чемпионати Туркияро мавсими қаблӣ бо ишғоли зинаи ҳафтум ҷамъбаст карда буд.