Муҳаммад Салоҳ дар ҳайати дастаҳои Англия 200 гол задааст

Муҳаммад Салоҳ дар ҳайати дастаҳои Англия 200 гол задааст

Ҳамлагари мисрии дастаи “Ливерпул” - Муҳаммад Салоҳ дар бозии даври 12-уми Премйер-Лигаи Англия бо дастаи «Брентфорд» (3:0) дубл кард ва ин голи 200-уми  ӯ  дар ҳайати дастаҳои англисӣ буд.

Ҳамлагари 31-сола дар ҳайати «Ливерпул» 198 гол ва дар ҳайати «Челси» ду гол задааст. Дар ҳайати дастаи “Ливерпул” ҳамлагари мисрӣ 322 бозӣ анҷом додааст, бо назардошти ҳамаи мусобиқаҳо, ӯ дар Лигаи Англия (147 гол), мусобиқаҳои Ҷоми Аврупо (44 гол), Ҷоми Англия (5 гол ), Ҷоми Лига (1 гол ) , Суперҷоми Англия (1 гол) ба самар расонидааст. Дар 19 бозӣ дар ҳайати «Челси» Салоҳ ду гол задааст, ки ҳарду дар Премйер-Лигаи Англия мебошанд.

Аксар вақт ба Муҳаммад собиқ ҳамлагари «Ливерпул» - Роберто Фирмино кумак мекард. Бозигари бразилӣ ба Салоҳ 22 ирсоли головар анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки Салоҳ тобистони соли 2017 аз ҳайати «Рома» ба тими “Ливерпул” гузашт. Пас аз 12 даври Премйер-Лигаи Англия «Ливерпул» аз пешсаф «Манчестер Сити» як хол кам дорад ва дар ҷои дуюми чадвал мебошад. Дар даври навбатӣ «мерсисайдҳо» дар майдони «Иттиҳод» бо «Манчестер Сити» бозӣ хоҳанд кард.