Муҳаммад Султонов - беҳтарин бозикуни мавсими сипаригардидаи ЛМФ-и Русия эътироф гардид

Муҳаммад Султонов - беҳтарин бозикуни мавсими сипаригардидаи ЛМФ-и Русия эътироф гардид

Лиги милии футболи Русия (ФНЛ) беҳтаринҳои мавсими 2021/2022 эълон кард.

Миёнмайдони дастаи "Торпедо"-и Маскав, зодаи Тоҷикистон - Муҳаммад Султонов беҳтарин футболбози мавсими сипаришудаи Лиги миллии футболи Русия эътироф гардид.

Пас аз анҷоми назарсанҷӣ миёни мураббиён ва капитани дастаҳои лиги миллии футболи Русия , чунин тасмим гирифта шуд.

Муҳаммад дар мавсими 2021/2022 бо 15 гол ва 12 паси гол, ба дастааш "Кф Торпедо" кумак кард то қаҳрамони ЛМФ ва соҳиби роҳхати Лиги Бартари Русс гардад

Ҳамзамон Муҳаммад пас аз анҷоми мавсими мазкур, беҳтарин бозикуни дастаи "Торпедо" эълон карда шуд

Бешубҳа Муҳаммад айни замон беҳтарин бозикуни тоҷик дар хориҷ ба шумор меравад .