Муҳиддин Асадуллоев - қаҳрамони Осиё дар соли 2026
Паҳлавони ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин медали тиллоро дар вазни то 73 кг соҳиб шуд.
Дар роҳи расидан ба финал, Муҳиддин рақибони пурқувватро пай дар пай мағлуб кард. Ӯ аввал бар намояндаи Қирғизистон -Нурмуҳаммад Бакирдинов пирӯз шуда, сипас ҷудокори Кореяи Шимолӣ Но Сок Бормро шикаст дод. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Муҳиддин бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Эункюл низ дастболо гардид.
Дар рақобати ниҳоӣ паҳлавони тоҷик бо намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб - Маҳмадбек Маҳмадбеков қувваозмоӣ кард. Муҳиддин дар ин сабқат то ба охир мубориза бурда, дар вақти тиллоӣ дастболо гардид ва бори аввал қаҳрамони Осиё шуд.
Ин пирӯзӣ барои ҷудои Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дошта, нишон медиҳад, ки варзишгарони тоҷик дар сатҳи қора метавонанд бо беҳтаринҳо рақобат кунанд. Қаҳрамонии Муҳиддин на танҳо як дастоварди шахсӣ, балки ифтихори тамоми кишвар маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа паҳлавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ба гирифтани медали тилло ноил шуда буд. Медали тиллои Муҳиддин Асадуллоев барои Тоҷикистон дуюмин дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар соли 2026 дар шаҳри Ордоси Чин маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин, паҳлавонҳои дигари тоҷик дар мусобиқаи мазкур Обид Ҷебов (-66 кг) бо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) медалҳои нуқра ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
