Муҳлати дастгирии молиявии стипендиягирони олимпии Тоҷикистон боз 1 сол дароз шуд

Муҳлати дастгирии молиявии стипендиягирони олимпии Тоҷикистон боз 1 сол дароз шуд

Муҳлатҳои мусобиқаҳои интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба бозиҳо низ дароз карда шуд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) муҳлати расонидани кумаки молиявиро ба кумитаҳои миллии олимпӣ то 31 августи соли 2021 дароз карда, барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ, ки ба соли оянда гузаронида шуданд, 25,3 млн доллар маблағи иловагӣ ҷудо кард. Стипендиягирон аз Тоҷикистон низ боз як соли дигар ба гирифтани кумаки молиявии моҳона имкон пайдо карданд. Пештар ин кумак то 31 августи соли 2020 пешбинӣ гардида буд. Барои дастрас кардани маблағи иловагӣ кумитаҳои миллии олимпӣ бояд дархост равона кунанд. Ин тасмим ба КБО ҷиҳати паси сар кардани сарбории иловагии молиявӣ, ки пеш аз оғози бозиҳои олимпии соли 2021 ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, имкон медиҳад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар барномаҳои гуногуни КБО иштирок карда, аз ҷониби он дастгирӣ меёбад. Тоҷикистон аз маблағҳои ҷудокардаи Кумита беҳтарин варзишгаронеро, ки барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ имкони бештар доранд, дастгирӣ мекунад. Бино ба маълумоти КМО Тоҷикистон, ба рӯйхати варзишгароне, ки тибқи Барномаи ҳамраъйии олимпии КБО стипендия мегиранд, инҳо дохиланд: 

Баҳодур Усмонов (бокс, 950 доллар), 

Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 800 доллар), 

Комроншоҳ Устопириён (ҷудо, 700 доллар) 

Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо, 600 доллар) 

Темур Раҳимов (ҷудо, 500 доллар) 

Шаббос Неъматуллоев (бокс, 350 доллар) 

Сомон Маҳмадбеков (ҷудо, 300 доллар) 

Шоҳида Қаландарова (ҷудо, 300 доллар) 

Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо, 300 доллар) 

Нилуфар Бобоёрова (бокс, 200 доллар) 

Шоира Зулқайнарова (бокс, 200 доллар) 

Суҳроб Абдулхаев (гӯштини юнониву румӣ, 200 доллар) 

Саидҷон Гулов (гӯштини тарзи озод, 200 доллар) 

Манижа Мадкаримова (таэквондо, 200 доллар) 

Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук, 200 доллар).

Айни замон муҳлатҳои мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2021 то 29 июни соли 2021 дароз карда шудааст. Аз ин рӯйхат 2 варзишгар - муштзанон Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев аллакай ба бозиҳо роҳхат ба даст овардаанд.

Манбаъ: https://www.asiaplustj.info