Мубориза бурданд. Маъюс нашуданд ва ниҳоятан соҳиби медал гардиданд

Мубориза бурданд. Маъюс нашуданд ва ниҳоятан соҳиби медал гардиданд

Варзишгар Полина Гурйева аз Туркманистон дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио 27-уми июл дар мусобиқаи вазнабардорӣ миёни занон дар вазни то 59 килограмм медали нуқра ба даст овард. Ин аввалин медали Туркманистон дар таърихи ин кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Натиҷаи нишондодаи ин вазнабардори 21-сола дар умум 217 кг (96+121) мебошад. Гурйева қаблан дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ медал ба даст наоварда буд. Медали тилло дар ин вазн насиби Куо Син-Чжун аз Тайван бо натиҷаи 236 кг (103+133) гардид. Мақоми сеюмро Микико Андои ҷопонӣ бо натиҷаи 214 кг (94+120) касб намуд. Мунтахаби Туркманистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз соли 1996 иштирок мекунад. Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 54 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 28 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд. Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Ӯзбекистон як медали тилло, Гурҷистон ду медали нуқра, Туркманистон як медали нуқра, Қазоқистон ва Украина сетоӣ медали биринҷӣ, Эстония як медали биринҷӣ гирифтаанд.