Мухова аввалин маротиба ба даври ниманиҳоии US Open роҳ ёфт
Теннисбози чех, ракеткаи даҳуми ҷаҳон Каролина Мухова ба даври ниманиҳоии мусобиқаи кушоди US Open роҳ ёфт. Мухова дар бозии даври чаҳорякниҳоӣ бар ракеткаи 30-юми ҷаҳон, намояндаи Руминия Сорана Кирсте бо ҳисоби 6:0, 6:3 пирӯз шуд. Вохӯрӣ 1 соату 38 дақиқа давом кард.
Барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа Каролина Мухова бо Кори Гауфф бозӣ мекунад. Роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоии мусобиқа барои Мухова дастоварди беназир аст. Ӯ қаблан, аниқтараш соли 2020 то ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфта буд.
Мусобиқаи US Open аз 28 –уми август то 10 –уми сентябр давом мекунад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккасаи занон 65 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқот ракеткаи якуми ҷаҳон намояндаи Лаҳистон - Ига Свёнтек мебошад, ки соли гузашта, дар бозии ниҳоӣ бар Онс Ҷабер аз Тунис пирӯз шуда буд.