Мулоқот бо варзишгарон ва ҷоизадорони Бозиҳои Олимпӣ
5 майи соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ ва таърихӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифати сиёсиву иҷтимоии варзишгарон ва масъулини соҳа, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳонӣ мулоқот анҷом дод.
Дар доираи мулоқоти мазкур, бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва ошноии варзишгарон бо раванди корҳои созандагӣ, сафарбарии онҳо ҷиҳати боздид аз ҷараёни сохтмони иншооти муҳими стратегии кишвар — Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба роҳ монда шуд.
Таъкид гардид, ки ташкили чунин иқдомҳо дар самти таҳкими ҳисси баланди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тақвияти рӯҳияи ватандӯстиву созандагии ҷавонон аҳаммияти муҳим доранд.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки варзишгарон ҳамчун муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ бояд дар баробари дастовардҳои варзишӣ, дорои маърифати баланд, эҳсоси масъулият ва садоқат ба арзишҳои миллӣ бошанд.