Мулоқоти ноиби Президенти КМО бо Осама Ал Шафар

Мулоқоти ноиби Президенти КМО  бо Осама Ал Шафар

Мулоқоти Абдулло Раҳмонзода - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Осама Ал Шафар - роҳбари Конфедерератсияи велосипедронии Осиё

  21 - уми майи соли 2023, Абдулло Раҳмонзода - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ бо Осама Ал Шафар - роҳбари Конфедератсияи велосипедронии Осиё дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқоти мазкур Абдулло Раҳмонзода - ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров - ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Абдуллозода Муҳаммадшо - котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Сараввал Абдулло Раҳмонзода - ноиби Президенти Кумита ташрифи Осама Ал Шафарро ба Кумитаи миллии олимпӣ хайрамақдам гуфта, аз рушди ин намуди варзиш яъне велосипедронӣ бахусус дар ҷумҳурӣ ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки маҳз бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Конфедератсияи велосипедронии Осиё соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ баргузор гардид, ки ин намуди варзишии байналмилалӣ дар кишвар барои доир шудани дигар чорабиниҳои  байналмилалӣ замина гузошт.

Баъдан Осама Ал Шафар - роҳбари Конфедератсияи велосипедронӣ суханронӣ карда ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки барои боз ҳам рушд ёфтани соҳаи велосипедронӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ҳамкориҳоро зич ба роҳ хоҳанд монд.