Мулоқоти роҳбари нави Федератсияи таеквандо ВТ бо сафири Корея дар Тоҷикистон

Мулоқоти роҳбари нави Федератсияи таеквандо ВТ  бо сафири Корея дар Тоҷикистон

Президенти нави Федератсияи таеквандо ВТ-и Тоҷикистон Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло ва сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон – Квон Донг Сок вохӯрӣ анҷом доданд.

  Рушду инкишофи таеквандо ВТ, ки варзиши миллии Корея ба ҳисоб меравад, аз масъалаҳои марказии суҳбат ба ҳисоб мерафт. Ҳамзамон дар ин мулоқот тамоми роҳбарияти Федератсияи мазкур ва намояндагони корпуси дипломатии Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ширкат намуда, барои ба сатҳу сифати нав баровардани ин намуди варзиши олимпӣ ва омода намудани варзишгарони тоҷик ба мусобиқаҳои байналмилалӣ нақшаву барномаҳои зиёдеро таҳррезӣ намуданд.

Тавре гуфта шуд, кормандони сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо Федератсияи мазкур ҳавасмандӣ зоир карда, дар оянда мақсад доранд, ки барои ташкили мусобиқаҳои зиёди варзишӣ, аз ҷумла чемпионатҳои сатҳи осиёӣ ва ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.

Ҷониби Корея ҳамеша барои пешрафту инкишоф ва оммавигардонии таеквандо ВТ дар Тоҷикистон ҳавасманд аст ва дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти нави Федератсия ба ҳадафи ниҳоии худ хоҳанд расид, иқрор шуд, ҷаноби Квон Донг Сок.

Ҷонибҳо дар ниҳоят ба хулосае омаданд, ки ҳамкориҳоро тақвият бахшанд ва ба варзишгарони тоҷик шароити мусоид фароҳам оваранд, то ба мусобиқоти ҷаҳон, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ роҳхат бигиранд.