Мунтахабҳои футболи Россия ва Бразилия бозии дӯстона анҷом медиҳанд

Мунтахабҳои футболи Россия ва Бразилия бозии дӯстона анҷом медиҳанд

Мунтахаби футболи Россия метавонад соли 2024 бо мунтахаби Бразилия бозии дӯстона гузаронад.

Дар ин бора котиби генералии Иттиҳоди футболи Россия (РФС) Максим Митрофанов иттилоъ дод.

«Бозӣ бо Бразилия? Айни ҳол чунин имконият вуҷуд надорад, аммо мо бо ҳамкорони бразилиямон гуфтушунидҳо гузаронида истодаем.

Фикр дорам, бо вуҷуди ҳолатҳои муайян бозӣ баргузор мегардад. Эҳтимолан бозӣ соли оянда доир мешавад. Бар замми вақт ин боз аз дигар ҳолатҳо низ вобастагӣ дорад», – гуфтааст Митрофанов.