Мунтахаби Қазоқистон аз Литва имтиёз ситонд

Мунтахаби Қазоқистон аз Литва имтиёз ситонд

Бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал, ки дар Литва ҷараён дорад баргузор шуд. Дар гурӯҳи “А” мизбонони мусобиқа мунтахаби Литва бо ҳисоби 0:3 аз миллипӯшони Қазоқистон шикаст хӯрданд. Дар дақиқаҳои аввали вохӯрӣ Тайнан ҳисоби бозиро кушод ва ҳамин як голи задашуда қисми аввали бозӣ хотима ёфт. Дар қисми дуюми бозӣ яккачини Қазоқистон бо кӯшиши Даурен Турсагулов голи навбатиро зад. Нуқтаи охири бозиро Алберт Акбаликов гузошт. Ҳамин тавр мизбонони мусобиқа дуюмин бохти худро дар ин мусобиқа ба қайд гирифтанд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Венесуэла яккачини Коста-Рикаро мағлуб намуд.