Мунтахаби Бразилия қаҳрамони Амрикои Ҷанубӣ шуда, ба Олимпиадаи соли 2028 роҳ ёфт
Мунтахаби занонаи волейболи Бразилия дар чемпионати Амрикои Ҷанубӣ пирӯз шуд. Бразилия дар бозии ниҳоӣ тими Аргентинаро бо ҳисоби 3:0 (26:24, 25:19, 25:16) мағлуб кард.
Ин пирӯзӣ барои Бразилия 16-умин унвони пайиҳам дар чемпионати Амрикои Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, Бразилия бо ин натиҷа роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелесро ба даст овард.
Бразилия шашумин мунтахаб шуд, ки иштироки худро дар Олимпиадаи оянда таъмин кардааст. Дар Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес инчунин мунтахаби ИМА ҳамчун кишвари мизбон ва қаҳрамонони қитъа — Канада, Таиланд, Миср ва Туркия иштирок хоҳанд кард.
Боз шаш даста баъдтар муайян мешаванд. Се роҳхат аз рӯйи натиҷаҳои Чемпионати ҷаҳони соли 2027 ва се роҳхати дигар бар асоси рейтинги ҷаҳонӣ тақсим карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи Олимпии соли 2028 аз 14-уми июл то 30-юми июл дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА баргузор мегардад.