Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Испания ва Нидерланд омодагӣ мегирад

  Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Испания ва Нидерланд  омодагӣ мегирад
Дар ин рӯзҳо тими миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Душанбе машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронад, ки ҳадафи он омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мебошад.

Дар доираи ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ футзалбозони мо бо тимҳои миллии Испания (5 сентябр) ва Нидерландҳо (8 сентябр) ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Ин вохӯриҳо дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе доир мешаванд.