Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо яккачини АМА бозиҳои дӯстона доир мекунад

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо яккачини АМА бозиҳои дӯстона доир мекунад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 тими миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Вохӯриҳо рӯзҳои 23 ва 25 июн дар Дубай баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо иштироки тими миллии футзали Тоҷикистон аз 20 то 24 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мешаванд. Рақибони дастаи футзали мо дар даври интихобӣ 26-уми июн муайян мешаванд.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба ин вохӯриҳо 13 нафар – 2 дарвозабон ва 11 бозигарро даъват кардааст.

Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили АМА:

Дарвозабонҳо: Нуриддин Ҷабборов («Соро компания»), Фируз Бозмамадов («Сомон»);

Бозигарон: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Муҳаммад Раҷабов (ҳама– «Соро компания»), Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов, Некруз Идиев (ҳама– «Истиқлол»), Иқбол Воситзода («Сипар»), Рамз Амрохонов, Хусрав Холиқназаров (ҳарду – «Сомон»).

Сармураббӣ– Пайрав Воҳидов.