Мунтахаби Испания аз Ҷопон имтиёз ситонд

Мунтахаби Испания аз Ҷопон имтиёз ситонд

Дар бозии гурӯҳи “Е” мунтахаби Испания бар суроғи Ҷопон рафт. Вохӯрии онҳо дар майдони “Швитурио”-и Литва доир гашта, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи испаниҳо хотима ёфт. Дар ибтидо Борха Диас голзанӣ намуда, испаниҳоро ба пеш баровард. Аммо ҷопониҳо ба як голи задаи онҳо бо ду гол ҷавоб додан. Муаллифони голҳои Ҷопон Хоши ва Хенми гаштанд. Қисми аввали вохӯрӣ бо бартарии ҷопониҳо хотима ёфт. Дар сонияҳои аввали қисми дуюм Чино голзанӣ намуда, мувозинатро дар бозӣ барқарор намуд. Дар қисми дуюм миллипӯшони испания хеле озодона бозӣ мекарданд. Ҳамин тавр голи сеюми яккачини Испанияро Раул Гомес ба номи худ навишт. Нуқтаи охири бозиро дар дақиақаҳои башумори қисми дуюм Марк Толра гузошт. Ҳамин гуна мунтахаби Испания пирӯзии дуюми худро дар ин мусобиқа ба қайд гирифт. Бозии дигари ин гуруҳ миёни мунтахабҳои Ангола ва Парагвай бо ҳисоби калони 4:1 ба нафи яккачини Парагвай хотима ёфт.