Мунтахаби Марокаш дар Ҷоми Ҷаҳон Кореяи Ҷанубиро шикаст дод

Мунтахаби Марокаш дар Ҷоми Ҷаҳон  Кореяи Ҷанубиро шикаст дод

Бозии даври 2-юми гурӯҳи Н дар чемпионати ҷаҳонии футбол миёни бонувон— 2023 миёни мунтахабҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Марокаш анҷом ёфт. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Хиндмарш»-и Аделаидаи Австралия бозӣ намуда, мунтахаби Марокаш бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Пирӯзиро барои бонувони марокашӣ голи ягонаи ҳамлавар Ибтиссам Ҷрайди аз партофти Айт Эль Хаҷ таъмин кард, ки голи хешро дар дақиқаи шашум ба самар расонида буд.

Ҳарифони Кореяи Ҷанубӣ ва Марокаш дар гурӯҳи Н тимҳои миллии Олмон ва Колумбия мебошанд.

ҶҶ-2023 (з). Гурӯҳи H. Даври 2-юм

30-юми июли соли 2023, якшанбе. 09:30 ДШБ

Кореяи Ҷанубӣ (з) 0 : 1 Марокаш (з)

0:1 Ҷрайдӣ – 6'