Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои машқҳои дастаҷамъӣ ба шаҳри Дубай омад

Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои машқҳои дастаҷамъӣ ба шаҳри Дубай омад

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов барои анҷоми машқҳои дастаҷамъӣ ба шаҳри Дубай омад, то ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ бинад.

Дар доираи машқҳо наврасони мо ду бозии дӯстона доир менамоянд. 13 январ мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад. Сипас, 16 январ шогирдони Далер Каёсов бо тими АМА рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои бозиҳои дӯстона муқобили Арабистони Саудӣ (13 январ) ва АМА (16 январ):

Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Алиҷони Баҳодурзода (ҳарду – «Душанбе»);

Дифоъгарон: Исломҷон Хоҷиев (Академияи «Крылья Советов», Россия), Мактум Алидодов («Ал-Наср», АМА), Мустафо Ҳасанбеков («Истиқлол»), Шуҳрат Нурматов, Ҳикматулло Кабиров, Муҳаммадҷон Кароматуллозода (ҳама – Академияи ФФТ), Ёқубҷон Муродов, Озодбек Танҷихолов (ҳарду – «Душанбе»);

Ниммуҳофизатгарон: Назарбек Махатов, Мансурбек Раимбердиев (ҳама – СШОР №1 Белгород, Россия), Меҳрубон Одилзода, Парвиз Бобоназаров (ҳама – «Истиқлол»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Барқчӣ»), Олимҷон Олимов (КМВА), Бахтовар Арабов («Душанбе»), Азизҷон Шодиев, Мухаммадҷон Қудратов (ҳама – Академияи ФФТ), Усмон Ширинов (РШВСМ);

Ҳамлагарон: Парвиз Сангинов (Академияи «Космос», Москва, Россия), Асадбек Махтумов («Эсхата»), Аминҷон Асоев («Душанбе»).

Сармураббӣ – Далер Каёсов.