Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба таври арзанда ҳунарнамоиро дар Ҷоми Осиё ҷамъбаст намуд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба таври арзанда ҳунарнамоиро дар Ҷоми Осиё ҷамъбаст намуд

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии ниҳоии худро дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ анҷом дод. Дастаи мо дар даври чорякниҳоии мусобиқот аз тими Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид. Дар серияи пеналти бахт ба ҷониби дастаи Кореяи Ҷанубӣ 5:3 буд.

Дастаи мо наздик буд, ки камбэк карда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёбад, лек дар лаҳзаи охири бозӣ як иштибоҳ ба дарвозаи мо пеналтӣ овард, ки бо гол анҷом ёфт ва дар силсила зарбаҳои 11 метра мо мағлуб шудем.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 чаҳор бозӣ доир кард. Қаблан наврасони мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тимҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда буданд.

Ҳамин тариқ, дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини бо роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба Ватан бармегардад.

Ҳамакунун, бозиҳои тими наврасони кишварро моҳи ноябри соли 2025 дар мусобиқаи бонуфузи Ҷоми ҷаҳон дар Қатар интизор мешавем.

ТВ "Варзиш"