Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ғалаба Ҷоми Осиёро оғоз намуд
Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон иштироки худро дар мусобиқаи Ҷоми Осиё - 2026 бо натиҷаи олӣ оғоз намуд. Шогирдони Далер Каёсов дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ бар тими Тайланд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.
Голҳоро барои тими мо Петчарают дар сонияи 13-ум ба таври худгол ва Парвиз Сангинов дар дақиқаи 90+7-ум ба самар расониданд.
Ин ғалаба барои дастаи наврасони кишвар хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро оғози бомуваффақият метавонад ба рӯҳияи бозигарон таъсири мусбат расонад ва онҳоро барои идомаи мусобиқа боз ҳам омодатар созад.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар ин дидор бозии боэътимод нишон дода, ҳам дар ҳимоя ва ҳам дар ҳамла фаъол буданд. Онҳо тавонистанд назорати бозиро ба даст гирифта, аз имкониятҳои худ самаранок истифода баранд ва ду голи муҳим ба самар расонанд.
Бо ин натиҷа мунтахаби Тоҷикистон се имтиёзи аввалини худро ба даст оварда, дар гурӯҳи “А” мавқеи дуюмро ишғол кард. Тими мизбон Арабистони Саудӣ дар зинаи аввал аст ва дар бозии якуми гурӯҳ бо ҳисоби 4 бар 0 Мянмарро ноком намуд.
Бозии навбатии дастаи наврасони Тоҷикистон рӯзи 9-уми май муқобили тими Мянмар баргузор мешавад. Ин вохӯрӣ низ аҳамияти калон дошта, метавонад барои муайян кардани роҳхат ба марҳилаи баъдӣ нақши ҳалкунанда бозад.