Мунтахаби наврасони Тоҷикистон имрӯз дар Ҷоми Осиё-2026 бозӣ мекунад

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон имрӯз дар Ҷоми Осиё-2026 бозӣ мекунад

Имрӯз, 5 май мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов аввалин бозии худро дар Ҷоми Осиё -2026 анҷом медиҳад. Ин мусобиқа дар Арабистони Саудӣ оғоз гардида, беҳтарин дастаҳои қораро ба ҳам меорад.

Ҳарифони мунтахаби наврасони мо дар даври аввал тими Тайланд мебошад. Вохӯрӣ соати 22:30  ба вақти Душанбе оғоз шуда, яке аз бозиҳои муҳими гурӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Шоҳ Абдулло Спортс Сити”-и шаҳри Ҷидда баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо омодагии ҷиддӣ вориди ин мусобиқа шудааст. Даста пеш аз оғози чемпионат дар ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат варзида, ҳайати худро барои рақобатҳои расмӣ омода кард.

Машқҳои дастаи мо дар Дубай баргузор шуданд. Бозии аввали санҷишӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ва дар рақобати дуюм бо ҳисоби 1:0 бо пирӯзӣ муқобили дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик бо тимҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) нерӯ месанҷанд.

Ҳаводорони футбол умедворанд, ки наврасони тоҷик дар ин мусобиқаи бонуфуз натиҷаҳои хуб нишон дода, роҳхати Ҷоми ҷаҳониро дар ин синну сол соҳиб мешаванд.