Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати CAFA-2023 ширкат мекунад

Дастаи нави наврасони Тоҷикистон (U-15), ки моҳи октябри соли оянда дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 ширкат мекунад, дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баромад мекунад.
Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17) аз 20 то 27 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаҳои наврасони панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Далер Каёсов дастаи моро ба мусобиқаи дарпешистода омода менамояд.
Дар доираи чемпионати CAFA-2023 (U-17) 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи холҳо муайян карда мешавад.
Чемпионати CAFA-2023 миёни наврасон (U-17)
Иштирокчиён: Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон
Даври 1
20 август (якшанбе)
18:00 – Қирғизистон – Афғонистон
21:00 – Ӯзбекистон – Эрон
Даври 2
21 август (душанбе)
18:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
21:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон
Даври 3
23 август (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Афғонистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Даври 4
25 август (ҷумъа)
18:00 – Эрон – Қирғизистон
21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5
27 август (якшанбе)
18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон