Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов имрӯз, 15-уми март барои тамринҳои дастаҷамъии дуҳафтаина тариқи транзит тавассути Дубай ба шаҳри Даммам сафар кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 30-юми март идома мекунад, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов 27 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст. Дар Арабистони Саудӣ наврасони мо чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Даммам як марҳилаи омодагии мунтахаби Тоҷикистон (U-17) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов, Муҳаммад Абдулҳадов, Абубакр Маҳмудов;

Ҳимоятгарон: Баракатулло Нигматуллозода, Шеравган Саидов, Қамариддин Ғаффорзода, Диловар Ҷамшедзода, Рустам Камолов, Амири Фарҳод;

Нимҳимоятгарон: Абубакр Саидов, Меҳрубон Ҳамидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтовар Ғаюров, Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абдусатторӣ, Муҳаммад Қурбонов, Ҷовидон Хушвахтов, Миқдод Розиқов, Хоҷӣ Абдуманон, Шаҳбон Наимов, Муродҷон Ҷалилзода, Шерзод Қаҳҳоров;

Ҳамлагарон: Ориёнмеҳри Нуриддин, Билол Бобоев, Раббонӣ Камолов, Масрур Ғаюров, Юнус Исматуллоев.

Сармураббӣ – Раҳматулло Фузайлов.