Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Суров ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Рақиби тими мо дар ин рақобатҳо мунтахаби наврасони Русия (U-17) хоҳад буд. Бозии аввали дӯстона рӯзи 2 октябр дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, вохӯрии дуюм 5 октябр дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026, ки дар Қатар баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) нерӯ месанҷад.