Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) машқҳои дастаҷамъиро дар АМА ҷамъбаст кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) машқҳои дастаҷамъиро дар АМА ҷамъбаст кард

Дастаи то 17-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 ду бозии санҷишӣ бо ҳамтоёни худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом дод.

Машқҳои дастаи мо дар Дубай баргузор шуданд. Бозии аввали санҷишӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расида, дар рақобати дуюм дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми май дастаи то 17-солаи Тоҷикистон барои иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 ба Ҷидда парвоз кард. Дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик бо тимҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) нерӯ месанҷанд.