Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев аввалин бозии худро дар мусобиқаи байналмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026», ки дар Ҳиндустон ҷараён дорад, анҷом дод.
Дар оғози мусобиқа миллипӯшони мо бо дастаи Бутан вохӯрданд. Ин дидор дар варзишгоҳи «Golden Jubilee”-и Юпия доир шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи мо ҷамъбаст шуд. Ҳамлагари “Истиқлол"-и Душанбе Масрур Ғафуров ягона голи рақобатро ба самар расонд.
Дар даври оянда 31 март дастаи олимпии Тоҷикистон бо тими Ҳиндустон нерӯ месанҷад.