Мунтахаби Ҷопон ба Душанбе омад

Мунтахаби Ҷопон ба Душанбе омад

Тими мунтахаби Ҷопон барои анҷом додани бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо тими Тоҷикистон шаби гузашта ба Душанбе ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳайати Ҷопонро намояндаҳои ФФТ истиқбол намуданд. Ба ҳайати мунтахаби Ҷопон 23 футболбоз даъват шудааст, ки 20 нафарашон легионер мебошанд. Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон санаи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 17:15 баргузор мешавад.

Дарвозабонҳо: Эйдзи Кавасима (“Страсбур”, Фаронса), Сюити Гонда (“Портимоненси”, Португалия), Дэниел Шмидт (“Сент-Трюйден”, Белгия).

Дифоъгарон: Юто Нагатомо (“Галатасарай”, Туркия), Мая Ёсида (С) (“Саутгемптон”, Англия), Хироки Сакаи (“Олимпик Марсел”, Фаронса), Наомити Уэда (“Серкл Брюгге”, Белгия), Коки Андзаи (“Портимоненси”, Португалия), Синносукэ Хатанака (“Иокогама Ф”, Ҷопон), Сэй Муроя (“Токио”, Ҷопон);.

Ниммуҳофизатгарон: Гэнки Харагути (“Ганновер 96”, Олмон), Гаку Сибасаки (“Депортиво”, Испания), Ватару Эндо (“Штутгарт”, Олмон), Ҷюня Ито (“Генк”, Белгия), Кэнто Хасимото (“Токио”, Ҷопон), Сёя Накадзима (“Порту”, Португалия), Такуми Минамино (“Ред Булл Залтсбург”, Австрия), Ко Итакура (“Гронинген”, Ҳолланд), Ритсу Доан (“ПСВ”, Ҳолланд), Такефуса Кубо (“Малорка”, Испания).

Ҳамлаварон: Кэнсукэ Нагаи (“Токио”, Ҷопон), Такума Асано (“Партизан”, Сербия), Даити Камада (“Айнтрахт Франкфурт”, Олмон).

Сармураббӣ: Хадзимэ Мориясу (Ҷопон)