Мунтахаби Шветсия Италияро бо ҳисоби бузург дар Ҷоми Ҷаҳон шикаст дод

Мунтахаби Шветсия Италияро бо ҳисоби бузург дар Ҷоми Ҷаҳон шикаст дод

Бозии даври 2-юми гурӯҳи G дар чемпионати ҷаҳонии футбол миёни бонувон— 2023 анҷом ёфт, ки дар варзишгоҳи «Веллингтон Регионал — Вестпак»-и шаҳри Веллингтони Зеландияи нав баргузор гардид ва бо ҳисоби 5:0 ба суди бонувони шведӣ ҷамъбаст шуд.

Дар дақиқаи 39-ум баъди партофти тӯб аз зарбаи кунҷӣ дифоъгар Аманда Илестедт ҳисобро кушод. То таннафус дар ҳайати мунтахаби Шветсия Фридолина Ролфё ва Стина Блакстениус ба задани гол даст ёфтанд. Дақиқаи 50-уми бозӣ Илестедт дублро ба номаш сабт намуда, дақиқаи 90+5-ум бошад Ребека Бломквист ҳисобро 5:0 намуд.

Садринишини ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Шветсия бо шаш хол буда, Италия се хол дорад, дар ҳоле, ки ҶАҶ ва Аргентина як холӣ доранд.

ҶҶ-2023 (з). Гурӯҳи G. Даври 2-юм

29-уми июли соли 2023, шанбе. 12:30 ДШБ

Шветсия (з) 5 : 0 Италия (з)

1:0 Илестедт – 39' 2:0 Ролфё – 44' 3:0 Блакстениус – 45+1' 4:0 Илестедт – 50' 5:0 Бломквист – 90+5'