Мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили тими миллии Покистон омодагӣ мегирад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Покистон омодагӣ мегирад.
Дастаи мо тамринҳои худро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мегузаронад. 22 бозигар ба вохӯрии дар пешистода тайёрӣ мебинад.
Ёдовар мешавем, ки барои мунтахабҳои Тоҷикистон ва Покистон аллакай Ҷоми Ҷаҳонии -2026 ба анҷом расидааст, чунки дар гурӯҳи мазкур мунтахабҳои Арабистони Саудӣ ва Урдун роҳхати марҳилаи сеюмро ба даст оварданд.
Бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Покистон рӯзи 11-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 20:00 доир мегардад.