Мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи “King’s cup 2024” вориди Сонгкхла шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки аз 11 то 14 октябр баргузор мешавад, вориди шаҳри Сонгкхлаи Тайланд шуд.
Дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 11 октябр бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Филиппин бо ҳам вомехӯранд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар рақобат барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқа 14 октябр доир мешаванд.
Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024»
Нимниҳоӣ
11 октябр | Ҷумъа
16:30 – Сурия – Тоҷикистон
20:00 – Таиланд – Филиппин
14 октябр | Душанбе
16:30 – Бозӣ барои ҷойи 3
20:00 – Финал
Варзишгоҳи Тинсуланонда, Сонгкхла, Таиланд