Мунтахаби Тоҷикистон CAFA-2022-ро бо мусовӣ шурӯъ намуд

Мунтахаби Тоҷикистон CAFA-2022-ро бо мусовӣ шурӯъ намуд

Дар маҷмааи варзишии шаҳри Душанбе санаи 21-уми январ  чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни мунтахабҳои бонувон шурӯъ гардид.

Сароғози ин чемпионат мунтахаби бонувони Таҷикистон таҳти мураббигии Шамшод Ниятбеков бо мунтахаби    Қирғизистон бозиро   1:1 мусовӣ анҷом дод. Ба голи Бактигул Токтоболотова мунтахаби мо бо зарбаи нишонраси Мадина Фозилова аз дабл-пеналти посух дод. Футзалбозони Тоҷикистон  метавонистанд ҳатто соҳиби пирӯзӣ шаванд, аммо дар фурсатҳои ахири дидор сарвони мунтахаби кишвар Мадина Фозилова ду маротиба зарбаҳои ҷаримавии нӯҳметраро ба гол табдил дода натавонист.



Дар бозии дигари рӯзи нахусти чемпионати CAFA-2022 мунтахаби Эран бар яккачини Ӯзбекистон– 5:2 зафар ёфт.

 

Имрӯз бошад дар маҷмааи варзишии шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми  чемпионати  Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни мунтахабҳои бонувон мегузаранд. Соати 15:00 вохӯрӣ байни мунтахабҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон шурӯъ гардида, соати 18:00 яккачинҳои футзали Тоҷикистону Эрон ба ҳам меоянд.

Қобили қайд аст,ки нахустин чемпионати CAFA оид ба футзал миёни мунтахабҳои бонувон дар шаҳри Душанбе аз рӯи системаи даврӣ дар ду давр аст ва ҳар даста шаш бозӣ мегузаронад. Ҳамагӣ дар доираи чемпионат ҳар даста  дувоздаҳ бозӣ мегузаронад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи холҳои бештари ба дастоварда муайян карда мешавад.

Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни мунтахабҳои бонувон

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 1:1

Голҳо: Бактигул  Токтоболотова, 28 (0:1). Мадина Фозилова, 34 – дабл-пеналти (1:1).

Дабл-пеналтии номуваффақ: Мадина Фозилова (Тоҷикистон), 36 – тири дарвоза, Мадина Фозилова (Тоҷикистон), 38 – назди дарвоза.

Ӯзбекистон – Эран – 2:5

Голҳо: Саҳар Замонифард, 6 (0:1). Фотемеҳ Попӣ, 7 (0:2). Сара Ширбейгӣ, 21 (0:3). Фарештеҳ Каримӣ, 23 (0:4). Мафтуна Шоимова, 32 (1:4). Неса Аҳадӣ, 33 (1:5). Уғилой Қучқорова, 33 (2:5).