Мунтахаби Тоҷикистон дар Куала-Лумпур ба бозии ниҳоии “Ҷоми Мердека” омода мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Петр Сегрт омодагиро ба бозии ниҳоии мусобиқаи 42-юми байналмилалии «Ҷоми Мердека» идома медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии дарпешистода тамринҳои навбатии худро анҷом дод. Машқҳои имрӯзаи даста якуним соат давом карда, аз бадан гармкунӣ, кор бо тӯб, квадратҳо иборат буданд. Инчунин бозигарон амалҳои мутақобиларо зимни ҳамла ва дифоъ машқ карданд.
Вохӯрии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» миёни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон рӯзи 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил дар Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
