Мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ бо дастаи Арабистони Саудӣ бо либоси сурх бозӣ мекунад

Дар остонаи бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласа доир гардид, ки дар он дар қатори масъалаҳои дигар, ранги либоси дастаҳо низ тасдиқ гардид. Мунтахаби Тоҷикистон имрӯз бо либоси сурх бозӣ мекунад ва тими меҳмон Арабистони Саудӣ бо либоси сафед баромад менамояд.
Қобили зикр аст, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.