Мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаи Малдивро қабул мекунад
9 –уми октябр тими миллии Тоҷикистон нахустин бозии худро таҳти сармураббии ҷадид Горан Стевановичи сербӣ анҷом медиҳад.
Дастаи мо дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бо тими Малдив бозӣ мекунад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад. Нархи чиптаҳо барои ҳамаи нишастгоҳҳо 20 сомонӣ мебошад. Чиптаҳоро аз хазинаи варзишгоҳ харидан мумкин аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ бозӣ карда буд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 8520 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар даври дуюм тими миллии Тоҷикистон дар сафар бо Филиппин натиҷаи мусовии 2 бар 2-ро ба қайд гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои Тоҷикистон, Тимори Шарқӣ, Малдив ва Филиппин шомил мебошанд. Ҳоло дар гурӯҳ Филиппин ва Тоҷикистон бо 4 имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои якум ва дуюм мебошанд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Малдив бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.
Ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ барои дастгирии тими миллии кишвар даъват менамоем!