Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳои дӯстонаи моҳи ноябр оғоз кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Непал (13 ноябр) ва Афғонистон (19 ноябр), ки дар Душанбе баргузор мешаванд, оғоз кард.
Шогирдони Гела Шекиладзе дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин мекунанд.
Ҳанӯз на ҳама бозигарон ба сафи тими миллӣ пайвастаанд. Ҳайати комили мунтахаби Тоҷикистон 12 ноябр ҷамъ мешавад.
Аввалин шуда аз миёни легионерон дарвозабони «Уфа»-и Русия Олег Баклов, ҳимоятгарони «Нефтчӣ»-и Фарғона Манучеҳр Сафарову Зоир Ҷӯрабоев ва ҳамлагари «Металлург»-и Бекобод Далер Шарипов ба макони тими миллии Тоҷикистон омаданд. Бозигарони боқимонда дар ду рӯзи оянда ба ҳайати мунтахаби кишвар мепайванданд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон 13-уми ноябр бо тими миллии Непал бозии дӯстона анҷом дода, баъд аз шаш рӯз, 19-уми ноябр дар Душанбе бо яккачини Афғонистон вомехӯрад.