Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо муқобили мунтахабҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳо муқобили мунтахабҳои Беларус (20 март) ва Тимори Шарқӣ (25 март), ки дар Душанбе баргузор мешаванд, оғоз кард.
Машқи аввали дастаи мо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуда, дар он 16 бозигар ширкат дошт. Бозигарони боқимонда баъдтар ба сафи даста мепайванданд.
Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар: 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомиланд. Аз 25 футболбози даъватшуда 13 нафарашон легионер мебошанд.
Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми март бо яккачини Беларус рақобати дӯстона ва 25-уми март бо мунтахаби Тимори Шарқӣ бозии даври муқаддимотии Ҷоми Осиё-2027-ро анҷом медиҳад. Ҳарду вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад.