Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои навбатиро дар Тошканд доир намуд

Ҷамъомади тамринии тими миллии Тоҷикистон дар Тошканд идома дорад. Даста таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июн баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Давоми як ҳафта мешавад, ки тими миллӣ дар Тошканд ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» омода шуда истодааст.
Ба ҳайати тими миллии Тошканд ду бозигари дигар – дарвозабони «Хуҷанд» Шоҳрух Қиргизбоев ва ҳимоятгари «Локомотив»-и Тошканд Манучеҳр Сафаров шомил шуданд. Ҳимоятгарон Ваҳдат Ханонов («Персеполис», Эрон) ва Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), инчунин нимҳимоятгарон Хусрав Тоиров («Шахтёр», Украина), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия) ва Парвизҷон Умарбоев (ЦСКА-1948 Булғористон) рӯзҳои наздик ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи 4-уми ҷамъомади таълимиву тамринии шаҳри Тошканд ҳимоятгари тими «Нефтчӣ»-и Фарғона Зоир Ҷӯрабоев ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон пайваст. Сармураббии мунтахаби кишвар Петр Сегрт дар ихтиёри худ айни замон 19 бозигар дорад. Бозигарони боқимонда пас аз анҷоми бозиҳои бошгоҳҳои худ ба маҳалли ҷойгиршавии тими миллии Тоҷикистон меоянд.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) бозӣ мекунад.