Мунтахаби Уэлс бе сармураббӣ монд!

Мунтахаби Уэлс бе сармураббӣ монд!

Дар Лигаи Миллатҳои дарпешистодаи УЕФА ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии 2026, тими миллии Уэлсро мураббии дигар роҳбарӣ мекунад.

Ассотсиатсияи футболи Уэлс имрӯз сармураббии Уэлс Роб Пейҷро расман барканор кард. Ин тасмим ба далели нокомӣ дар марҳилаҳои охирини интихобии Евро-2024 ва барканории баъдӣ дар даври плей-офф аз тими миллии Лаҳистон гирифта шудааст.

Роб Пейҷ аз моҳи октябри соли 2020 сармураббии Уэлс буд. Ӯ дар аввал ба ҷои Райан Гиггз ба ҳайси сармураббии муваққатӣ кор мекард ва баъдтар пурра ба ин вазифа таъйин шуд. Таҳти роҳбарии ӯ Уэлс дар Евро-2021 ва Ҷоми ҷаҳонии 2022 бозӣ кардааст.

Ассотсиатсияи футбол то ҳол номи сармураббии нави тими миллии Уэлсро эълон накардааст.

Уэлс Лигаи нави Миллатҳоро дар Лигаи В оғоз мекунад, ки дар як гурӯҳ бо Туркия, Исландия ва Черногория бозӣ мекунад.