Мунтахаби Ӯзбекистон ба даври ниманиҳоии чемпионата ҷаҳон баромада натавонист

Мунтахаби Ӯзбекистон ба даври ниманиҳоии  чемпионата ҷаҳон баромада натавонист

Футболбозони мунтахаби Ӯзбекистон аз тими Фаронса дар даври чорякниҳоии чемпионати ҷаҳон миёни бозигарони хурдтар аз 17-сола шикаст хӯрданд. Мусобиқа дар Индонезия доир гардида, рӯзи 2-юми декабр анҷом меёбад.

Фаронсавиҳо бо ҳисоби 1:0 ба шарофати голи нимҳимоягари тими «Валансйен» Исмоил Бунеба дар дақиқаи 83-юм зафар ёфтанд.

Ҳарифи навбатии мунтахаби Фаронса ғолиби бозии Мали — Марокаш хоҳад буд. Пештар маълум гардид, ки ҷуфти дигари ниманиҳоӣ мунтахабҳои Аргентина ва Олмон рақобат мекунанд.

Мунтахаби Ӯзбекистон ба хотири пирӯзӣ бар Англия (2:1) дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ яке аз дастаҳои рахшони чемпионати ҷаҳони U17 дониста шуд.