Мунтахаби Ӯзбекистон U-23 ба бозиҳои олимпии Токио-2020 наздик мешавад

Мунтахаби Ӯзбекистон U-23 ба бозиҳои олимпии Токио-2020 наздик мешавад

Дар чаҳорумин Чемпионати Осиё – 2020 миёни ҷавонони то 23 сола, ки дар Тайланд ҷараён дорад, наздик аст, то мунтахаби ғолиб ва ҷоизадорон муайян гарданд. Мунтахабҳои Кореяи Ҷанубӣ U-23 ва Арабистони Саудӣ U-23 бо шикаст додани Австралия U-23 ва Ӯзбекистон U-23 дар даври нимниҳоӣ ба финал роҳ ёфтанд. Акнун тими ҷавонони Ӯзбекистон барои ба даст овардани зинаи сеюми Чемпионати Осиё U-23 бояд бо мунтахаби Австралия U-23 мубориза барад. Аз рӯи низомномаи ин мусобиқа се дастаи ҷоизадор ба бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат мегиранд. Аз ин лиҳоз мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Ӯзбекистон аз қораи Осиё имкони хуби ба даст овардани роҳхати сеюм ба бозиҳои олимпии Токио-2020-ро дорад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Ӯзбекистон U-23 дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё 2020 (U-23) дар як гурӯҳ бо тими миллии Тоҷикистон U-23 рақобат намуда буд ва аз он пеш гузашта, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфта буд. Ҳамчунин мунтахаби Ӯзбекистон U-23 дар охирин Чемпионати Осиё миёни ҷавонони ҳамин сину сол, ки соли 2018 дар Чин баргузор шуда буд, аввалин маротиба дар таърихи худ қаҳрамониро ба даст оварда, бо мунтахабҳои Ироқ ва Ҷопон дар таърихи ин мусобиқа баробар шуда буд.