Мураббии эронӣ дар Академияи “Истиқлол” ба кор шурӯъ кард
Роҳбарияти Академияи клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо мутахассиси соҳибтаҷрибаи эронӣ Самад Ризоӣ шартнома ба имзо расонд. Бар асоси ин созишнома, мураббии хориҷӣ ба ҳайси мураббии калони Академияи клуб таъин гардид.
Тибқи иттилои клуб, Самад Ризоӣ зиёда аз 10 сол таҷрибаи корӣ дар академияҳои футболӣ дошта, дорои иҷозатномаҳои мураббигии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. Ӯ махсусан дар рушди маҳорати техникӣ ва тактикии футболбозони ҷавон тахассус дошта, дар давоми фаъолияти худ як қатор бозигаронро омода кардааст, ки баъдан бо клубҳои лигаҳои олии Эрон шартномаҳои касбӣ ба имзо расондаанд.
Ин таъинот як қисми стратегияи рушди клуби “Истиқлол” ба ҳисоб меравад, ки ба навсозии низоми омодасозии футболбозони наврас равона шудааст. Қарор аст дар ояндаи наздик дар академия ва тамоми филиалҳои мактабҳои футболи клуб низоми ягонаи омӯзиши футболбозони ҷавон ҷорӣ карда шавад.
“Даъвати Самад Ризоӣ қадами муҳим барои рушди Академияи мо мебошад. Мо бовар дорем, ки таҷрибаи ӯ барои ҷорӣ намудани методикаи муосири омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи академия мусоидат мекунад.
Клуб рушди Академияро пайваста идома дода, барои эҷоди низоми муосири омодасозии футболбозони ояндаи КФ “Истиқлол” талош менамояд”, - изҳор дошт директори Академия Нуриддин Давронов пас аз имзои қарордод.