Мураббиёни таэквондо WT соҳиби сертификат шуданд

Мураббиёни таэквондо WT соҳиби сертификат шуданд

Мураббиёни намуди таэквондо WT пас аз хатми курси техникӣ-омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ соҳиби сертификат шуданд. Курси техникӣ-омӯзишӣ барои мураббиёни таэквондо WT бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Курсҳои омӯзишӣ барои мураббиён”-и Ҳамбастагии олимпӣ 23 июл оғоз гардида буд. Машғулиятҳоро дар мувофиқа бо Иттиҳоди “Таэквондои ҷаҳонӣ” (WT) мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ва Манучеҳр Хуморов гузарониданд.

Дар маросими ҷамъбасти курс котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иштирокчиёнро барои бомуфаввақият ба итмом расонидани машғулиятҳо табрик гуфта, умед кард, ки мураббиён он чи ки омӯхтанд ҳангоми машғулиятҳо ба шогирдонашон меомӯзонанд.

“Намуди таэквондои олимпӣ дар кишвар рушд кардааст. Мо аз ин намуд иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ, ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, чемпионати Осиё ва мусобиқаҳои байналмилалӣ дорем. Кумитаи миллии олимпӣ дар оянда низ барои омӯзиши мураббиёну доварони таэквондои ҷаҳонӣ семинару курсҳои омӯзишӣ доир мекунад. Мураббиёнро зарур аст, ки ҷиддӣ кор кунанд ва варзишгаронро ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, хусусан Бозиҳои олимпӣ омода намоянд”, - гуфт Абдуллозода М.

Акнун марҳилаи дуюми курси омӯзишӣ аз ҷониби Федератсияи таэквондо WT гузаронида мешавад, ки аз машғулиятҳои амалӣ барои мураббиён (5 рӯз) ва доварон (2 рӯз) иборат аст, ки дар минтақаҳо, дар толорҳое, ки мураббиён дар машғулиятҳои назариявӣ иштирок карданд, мегузарад. Ҳар мураббӣ вазифадор аст, донишҳои омӯхтаашро дар машғулиятҳо бо шогирдони худ истифода барад. Ин ҳолатҳо дар ҳузури коршиносон сурат мегирад.

Манбаъ: http://olympic.tj/