Мурабии Тайсон: Ӯ омодааст бо чемпионҳои ҷаҳон мубориза барад

Мурабии Тайсон: Ӯ омодааст бо чемпионҳои ҷаҳон мубориза барад

Мураббии Майк Тайсон Рафаэл Кордеиро дар гузориши рӯзи 21-уми сентябр иброз дошт, ки тамринҳои Тайсони 54 сола дар сатҳи олӣ буда, ӯ барои дилхоҳ рақобат омодааст. Кордеиро гуфт, ки Майк дар арафаи мубориза бо ҳамватани худ Рой Ҷонс чунон хуб омода аст, ки метавонад ҳатто қаҳрамонҳои ҷаҳон Энтони Ҷошуа ва Тайсон Фуриро мағлуб кунад. «Ӯ ҳар рӯз дар толори варзишӣ аз субҳ то шом тамрин мекунад ва тамринҳои хубтару беҳтар ҳоло дар пеш аст. Дар вақти тамрин вай ба марди 54-сола тамоман монанд нест », - гуфтааст мутахассис.

Пештар аз 21-уми сентябр, ҳунарманд ва коргардони Ҳолливуд Силвестр Сталлоне дар як гузоришаш иқрор омад, ки дар ин мубориза аз Рой Ҷонс хавотир аст ва ба Тайсон маслиҳат дод, ки Ҷонсро набояд сахт лату кӯб кунад.

Рақобати Тайсони 54-сола бо Ҷонси 51-сола рӯзи 21 июл маълум шуд. Интизор меравад, ки даромади ин набард, ки рӯзи 28 ноябр дар назар аст, ба садақа сарф шавад. Бояд гуфт, ки Тайсон аз соли 2005 инҷониб корномаи варзишии худро хотима бахшида буд. Вай дар ҳисоби худ 58 баромад дорад, ки дар 50-тоаш ғолиб омадааст. Ҷонс бори охир соли 2018 ба ринг баромад. Дар тӯли фаъолияти худ ӯ 66 пирӯзӣ ба даст овард (47 - бо нокаут), дар нӯҳ мубориза мағлуб шуд.