Муроҷиати Конор Макгрегор ба Дана Уайт дар мавриди бозгашти таърихӣ

Рамзкори маъруфи ирландӣ, собиқ қаҳрамони UFC дар ду категорияҳои вазнӣ Конор Макгрегор ба роҳбари ин ташкилот Дана Уайт муроҷиатнома ирсол кард.
Макгрегор дар саҳифаи хеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори кӯҳнаеро нашр кард, ки дар он Дана Уайт Конор Макгрегорро муаррифӣ мекунад ва ӯро ба нишасти матбуотии пеш аз муҳориба даъват мекунад.
«UFC 300? Анонс айнан дар вақти Супербоул?» — навиштааст Макгрегор.
Айни ҳол Макгрегор ба бозгашт ба октагон омодагӣ мебинад. Размкор аз тобистони соли 2021 замоне, ки аз намояндаи ИМА Дастин Порйе бо шикастани пой мағлуб шуд, шомили октагон нашудааст. Пештар ирландии машҳур гуфта буд, ки баромади навбатияш дар октагон 29-уми июни соли ҷорӣ буда, дар муқобилаш Майкл Чендлери амрикоӣ хоҳад буд.