Муродли - ғолиби Чемпионати Ҷаҳон миёни ҷавонон оид ба шоҳмот
Дар Италия Чемпионати Ҷаҳон миёни ҷавонон оиди шоҳмоти рапид ва барқвор хотима ёфт.
Чӣ тавре azerisport.com иттилоъ медиҳад, кишвари Озарбойҷонро Магомед Муродли ва Гавҳар Байдуллоева муаррифӣ карданд.
Муродли бо касби 9,5 хол зинаи аввалро дар навъи шоҳмоти барқвор ишғол намуд. Байдуллоева бо 8,5 хол дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Тибқи раддабандӣ Муродли дар миёни 39 иштирокчӣ таҳти рақами дуюм буда, Байдуллоева бошад миёни 23 иштирокчӣ рақами дуюмро дошта буд.
Бояд ёдовар намуд, ки Байдуллоева чанде пеш дар навъи рапид якум шуда, Муродли дар зинаи 13-ум қарор гирифт.